Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Ченнайи Ҳиндустон анҷом ёфт
Опубликовано чт, 11/08/2022 - 07:58 пользователем tvtТВТ.11.08.2022. Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки 28 июл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон оғоз гардида буд, 9 август ба анҷом расид. Дастаҳои мунтахаби мардона ва занонаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот бо 12 ва 11-холӣ мутаносибан ҷойҳои 67 ва 78-умро ишғол намуданд.