Хабар

Маросими истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Қасри миллат

ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири нахустин сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри миллат идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Страницы