Дар Актобе 5 ҷинояткори дигар нобуд карда шуданд
Опубликовано пн, 06/06/2016 - 15:32 пользователем tvtЗимни амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Актобеи Қазоқистон 5 ҷинояткори дигар нобуд карда шуданд. Дар ин бора агентии АИР «Новости» хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки аз онҳо қисми зиёди аслиҳаи дуздидашуда мусодира карда шуд.
«Шахсияти ҳамаи ҷинояткорон муаяйн гардид. Барои ҷустуҷӯ ва боздошти онҳо тадбирҳо андешида мешаванд», — омадааст дар иттилоия.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки дар Актобе сатҳи баланди таҳдиди террористӣ «сурх» эълон гардидааст.