Вохӯрии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Қирғизистон (U-21) дар варзишгоҳи «Авиатор»
Опубликовано пн, 11/07/2016 - 11:02 пользователем tvt12 июл дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар як бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби то 21-солаи Қирғизистон вориди майдон мешаванд.
Футболбозони кишварамон таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Виталий Левченко ба бозиҳои ниҳоии «Чемпионати Осиё-2016», ки тирамоҳ дар Баҳрайн доир мегардад, имрӯзҳо дар шаҳри Норак омодагӣ мегиранд. Ин аввалин бозии таҷрибавии дастаи мунтахаб зери роҳбарии мураббиёни нав хоҳад буд.