Хабар

«Роҳи Ваҳдат — 2016»: Роҳпаймоии ҷавонон ба ВМКБ

Бо ташаббус ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» таҳти шиори роҳпаймоии ҷавонон «Роҳи Ваҳдат — 2016» ба сӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ гардид.
Зимни роҳпаймоӣ як зумраи ҷавонони фаъоли кишвар ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ расиданд. Онҳоро мардуми меҳмоннавози ноҳияи Рӯшон самимона истиқбол гирифтанд.

Ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ бахшида ба Иди саиди Фитр

Имрӯз дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ярмаркаи навбатии фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бахшида ба Иди саиди Фитр барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир шуд.
Ярмаркаи мазкур барои дастгирии иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва пурғановат гардонидани дастархони идонаи онҳо равона гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолият дар Ваҳдат

Бахшида ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат сохтмони се синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Файзрез ва як бинои иловагии мактаб дар деҳаи Гулафшон барои 400 нафар хонанда дар як баст аз ҳисоби маблағгузории волидайни хонандагон идома дорад.

Страницы