Хабар

Суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Шуғнон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғоз кулли мардуми шарафманду равшанзамири ноҳияи Шуғнонро ба ифтихори биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон, ки мулоқоти мо дар давраи омодагӣ ба ин ҷашни бузурги таърихӣ доир гардида истодааст, инчунин ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломативу саодатмандӣ ва ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ азму иродаи қавӣ мехоҳам.

Гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шуғнон

Баъди ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Кушки Ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази ноҳияи Шуғнон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг ҳусни оғоз бахшид.

Ифтитоҳи мактаби замонавӣ барои 464 хонанда дар ноҳияи Шуғнон

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.
Роҳбарият ва сокинони ноҳияи Шуғнон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса, дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Страницы