Хабар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Монмоҳан Сингх боиси андуҳи мо гардид.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

28.12.2024, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд»

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд.

Страницы