Хабар

Сафири нави Подшоҳии Белгия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Имрӯз, 7 феврал, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) Анри Вантигемро қабул кард.

Дар Бадахшон 10 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи гузашта дар минтақаҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 10 ҳолати фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст. Дар 7 маврид оқибатҳои тармафароӣ бартараф карда шуда, корҳои бартарафсозии пайомади се тарма дар минтақаҳои Рӯшону Ишкошим идома доранд. Талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд.

«БАЗМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт

Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои тозаэҷоди рассомони маъруфи тоҷик – Далер  Миҳтоҷов, Эраҷ Олимов ва Баҳром Исматов бо номи «Базми рангҳо» ифтитоҳ гардид, ки то 25 феврал идома меёбад, иттилоъ доданд дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Страницы