Дар Дубай тавсеаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва АМА баррасӣ гардид
Опубликовано ср, 19/01/2022 - 09:11 пользователем adminДар Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо Мудири иҷроияи Департаменти сайёҳӣ ва тиҷорати бозаргонии Дубай Иссам Казим мулоқот намуд.