Хабар

«ТОҶИ ШАРАФУ НИШОНИ МО, ИСТИҚЛОЛ!». Бахшида ба ин ҷашни фархунда дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 сентябр бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои пурмуҳтавои консертӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар дар Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар Душанбе вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва минтақа баррасӣ шуд

Вазъи маводи мухаддир дар Афғонистон ва   минтақа имрӯз зимни мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Бридҷит Уокер баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.

Страницы