14 нафар варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Узбекистон ширкат мекунанд
Опубликовано чт, 11/11/2021 - 09:47 пользователем adminТавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, аз 12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 14 нафар – 7 нафар дар самбои варзишӣ миёни мардҳо, як нафар миёни бонувон ва 6 нафар дар самбои размӣ ширкат мекунанд.