Хабар

Тоҷикистон ва Қазоқистон рушди робитаҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ намуданд

Масоили марбут ба рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дирӯз дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев баррасӣ гардид.

Дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод

Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиш баргузор гардид

14 май  бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила  дар тарабхонаи «Бӯстон»-и маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода, оилаҳои намунавӣ аз тамоми шаҳраку деҳоти ноҳия ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Страницы