Хабар

ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 24-26 феврал ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, борони бошиддат меборад

24-26 феврал дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. 24 феврал борон борида, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад. 25 феврал дар ноҳияҳои водигию доманакӯҳӣ борон бо гузариш ба барф борида, 26 феврал дар бештари ноҳияҳо барф меборад.  25 феврал ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-14 дараҷа паст мешавад.

Страницы