Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Холид ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Шайх Холид ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд

ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Хоавр»/. 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ал-Мурайхӣ ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                         ФАРМОНИ
  ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди
вилояти Хатлон озод намудани Хидирзода Б.Э.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Хидирзода Батир Эргаш бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

Страницы