Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ
Опубликовано пт, 16/10/2020 - 13:48 пользователем admin216.10.2020, шаҳри Хуҷанд
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғоз кулли мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари тоҷик ва ҳамаи шумо — ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик — Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик мегӯям.