Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро ифтитоҳ намуданд

7 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро, ки ҳарду дар як бинои муҳташам ҷойгир шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.

«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши анъанавӣ баргузор мегардад

Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мегардад. 

Дар намоиш ашёи нави дорои моҳияти таърихию фарҳангӣ, ки  давоми як сол, яъне аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи соли 2024 бо роҳҳои гуногун -экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа ҷамъоварӣ гардидаанд, пешкаши ҳамагон мегарданд. Ҳамзамон дар доираи намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз»  китобҳои тозанашри муассиса муаррифӣ мешаванд.

Бунафша Файзиддинзода дар Амрико дар ҷаласаҳои сатҳи баланд ба хотири дифои ҳуқуқу манфиатҳои занон иштирок намуд

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба мақоми зан таҳти унвони «Тезонидани раванди ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳамаи занону духтарон тавассути ҳалли мушкилоти камбизоатӣ ба дурнамои гендерӣ» иштирок намуд.  

Ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид.

Страницы