Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири ҶСК «Авитсенна»-ро ифтитоҳ намуданд
Опубликовано пт, 18/09/2020 - 10:59 пользователем admin218 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҷавонон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авитсенна” оғоз бахшиданд.
Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 35 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб, маска ва дигар навъи маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.