Хабар

Оғози сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ва ифтитоҳи Корхонаи чӯҷабарории «Суғдиён-Свердловск»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» оғози расмӣ бахшиданд

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ҷасур» дар шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд.

Дар фабрикаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд ва ба маъракаи чиниши пахта дар хоҷагии ёрирасони ҶСК «Ҷасур» оғоз бахшиданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Ҷасур» ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастранҷи аҳли заҳмат ва ҳунармандони ноҳия ба таври васеъ муаррифӣ карда шуд.

Страницы