Хабар

Пешвои миллат: «475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 хонавода бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд»

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ зикр намуданд, ки «Дар тӯли 25 сол 475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 оила бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Гвардияи Миллӣ

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони хизмати ҳарбӣ!

Имрӯз ба яке аз санаҳои муҳимми таърихи давлатдории навини тоҷикон — таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад.

Страницы