Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал ғалаба кард

Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чоруми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё- 2019 бар дастаи мунтахаби Непал бо натиҷаи 3:0 ғалаба карда, дар гурӯҳи F шумораи холҳояшро бо дастаи мунтахаби Яман баробар кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Сочи иштирок кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 10 октябри соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Сочи иштирок кард.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд.

Страницы