НАВРЎЗИ АҶАМ: дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд…
Опубликовано сб, 18/03/2017 - 11:29 пользователем tvt
Наврўзро ҷашни табиат гуфтаанд, зеро дар робитаи мустақим бо гардиши Замин ба даври Офтоб буда, рўзи аввали моҳи Фарвардин маҳсуб мешавад ва ба қавли донишмандони пешин «расидани Офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал ва ибтидои баҳор аст». Болотар аз ин, ҷашни мазкур аз муқаддасоти оинӣ низ бархўрдор аст.


Бо мақсади дар сатҳи баланди маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷашнҳои қадимӣ ва маҳбуби халқи тоҷик мебошад, дар саросари шаҳри Конибодом корҳои омодагӣ бомаром ҷараён доранд.