Теъдоди китобҳо дар махзани маърифати кумита афзойиш меёбад

Дар пайравӣ ба ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани завқу маърифати китобхонию китобдорӣ дар ҷомеа бештар аз як сол мешавад, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхона барои кормандон таъсис дода шудааст. Ифтитоҳи махзани маърифат имкон фароҳам овард, то кормандони кумита дар вақтҳои мусоид тавонанд, баҳри тавсеа бахшидани ҷаҳонбинӣ ва такмили донишҳои соҳавӣ фаровон истифода баранд.

Дар китобхона мувофиқ ба завқу хоҳишҳои дӯстдорони китоб адабиёти гуногун дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла адабиёти ҷаҳон, адабиёти классикӣ, адабиёти илмӣ, адабиёти соҳавӣ ва гӯшаи алоҳида иборат аз китобҳои Сардори давлат таҳти унвони «Асарҳои мондагори Пешвои миллат» гирд оварда шудааст. Болои рафи китобҳоро аксҳои намояндагони адабиёти классикиамон  зиннат мебахшанд, ки дар ҳар яки онҳо порае аз мероси мондагори эшон оварда шудааст.

Дар гӯшаи адабиёти соҳавӣ хонанда имкон дорад, аз маҳсули эҷодиёти олимон ва собиқадорони соҳа, ки дар боби таърихи ташаккул ва рушди телевизон ва радиои кишвар, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳуввияти миллӣ, тафовут ва хусусиятҳои жанрҳои журналистикаи телевизион ва радио, танзиму ороиши барномаҳо, психология ва маҳорати суханварӣ, инчунин маърифати мубоҳисаҳои сиёсӣ навишта шудаанд, бархӯрдор шавад.

Дар  ин росто китобҳои доктори илми фалсафа Саид Нуриддин Саид “ Проблемы способностей в истории философии” (Муаммои қобилият дар таърихи фалсафа), дар ҳаммуаллифи бо М.Назаров “Фалсафа ва методологияи илм” доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов  “Риторика ва баҳси сиёсӣ”, Рафоат Абдусаломова “Телевизион ва психологияи инсон”, Д.Давронов ва Ҷ.Раҳмонова “Ҷаҳони муосир: мавқеи симо ва садо”, Саидмуроди Хоҷазод “Таърихи радиои Тоҷикистон”, М.Асроров “Дурдонаҳои хазинаи бойгонӣ”, Гавҳари Абдуллобек (Умарова) ва Хушбахти Бекзод “Ток-шоу дар Телевизиони Тоҷикистон” ва ғайра боиси таъкиди алоҳида аст, ки барои омӯзиши таърихи соҳа ва такмили тахассусу касбияти кормандони ҷавон аз манфиат холӣ нест.

Айнизамон теъдоди китобҳо  ҳудуди 5000 ададро убур карда, дар ҳоли афзойиш қарор дорад. Роҳбарияти кумита баҳри аз лиҳози шумора ва муҳтаво тақвият бахшидани потенсиали китобхона пайваста тадбирҳо амалӣ менамояд. Бо дастури роҳбарияти кумита теъдоди муайяни китобҳои тозанашр пайваста ба хазинаи китобхона ворид карда мешавад.

“Тоҷикон аз азал соҳибкитобу китобдӯст буданд. Осори безаволи классикони мо, ки имрӯз ба сифати дурдонаҳои нодири адабиёти ҷаҳон эътироф шудааст, аз соҳибмаърифатию соҳибтамаддунии миллати мо шаҳодат медиҳад. Хушбахтона, солҳои охир бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат ба китобдорию китобхонӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад,-изҳор медорад раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони кумита Лолахон Сатторов ва меафзояд, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доной китоб аст” дар самти баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон такони ҷиддӣ бахшид. Албатта, бо шукргузорӣ аз ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат мо кормандони соҳа илҳому нерӯи тоза мегирем ва баҳри тақвияту тавсеаи ин раванд талоши дучанд хоҳем гузошт”.

Чунин китобхонаҳо ёхуд гӯшаҳои китоб дар ҳама сохторҳои кумита амал менамояд.