Телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ 176 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноятро қабул кардааст

Дар давоми соли 2016 ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ташкил шудааст, 2 ҳазору 429 шаҳрванд муроҷиат намудаанд. Аз ин 176 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноят ва 1 ҳазору 400 муроҷиат оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд. Дар ин бора аз ВКД хабар доданд.
Дар ин муддат ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 1 ҳазору 381 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ 61 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд 623 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон 312 нафар, ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт 12 нафар ва ба телефони боварии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 40 нафар муроҷиат намудаанд.
«Телефони боварӣ воситаи муҳими алоқаи мардум бо роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз чор сол аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2212121) ва сардорони раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилоятҳои Хатлон (221313), Суғд (2263038), ВМКБ (2224203) ва минтақаю ноҳияи Рашт (22121) фаъолият доранд», -хабар дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: