Тоҷикистон ва Қатар номзадиашонро ба Шӯрои ҳуқуқи инсон барои соли 2015-2017 пешниҳод намудаанд

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шудаанд.

Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа кушода шуданд. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ мебошанд.

Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7 майи соли 2007 саҳифаи нав кушод ва ба рушди босуръати минбаъда замина гузошт. Далели ин гуфтаҳо сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх ибни Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тобистони соли 2007 — аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба Тоҷикистон мебошад. Дар заминаи ин ду сафар пояи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳои ҳамкории дуҷониба бо ҳафт санади ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ таҳким гардид.

Дар чорабиниҳои муҳими кишвар Давлати Қатарро пайваста ҳайатҳои воломақом намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, иштироки Вазири молия Юсуф Ҳусейн Камол, Вазири ҳифзи муҳити зист Аҳмад ал-Ҳумайдӣ, Вазири корҳои хориҷии имрӯза (он замон дар сатҳи вазири давлатӣ) Холид ибни Муҳаммад ал-Атия ва Вазири энергетика ва саноати он кишвар Доктор Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Сода дар нишасти 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд, конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҷаласаи ёздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳамкории Осиё нишонаи нек ба дурнамои ҳамкории дуҷониба мебошад.

Заминаи ҳуқуқии ҳамкории муносибатҳои Тоҷикистон ва Давлати Қатарро 6 созишномаи муҳими ҳамкорӣ ташкил медиҳад. Созишномаҳое, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расидаанд, инҳоянд:

 

  1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ (6 майи соли 2007);
  2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ (6 майи соли 2007);
  3. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар (6 майи соли 2007);
  4. Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар (6 майи соли 2007);
  5. Ёддошти тафоҳум дар хусуси бастани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ (16 январи соли 2008);
  6. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ (25 августи соли 2011);

Инчунин 4 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ байни мақомоти дахлдори ду кишвар ба имзо расидаанд ва лоиҳаи 13 санад, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориро дар бар мегиранд, дар баррасии мақомоти марбутаи ду кишвари дӯст қарор доранд.

6-7 майи соли 2007 боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Қатар ба вуқӯъ пайваст. Боздиди мазкур пояи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро гузошт. Дар ҷараёни ин боздид 4 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расиданд.

Моҳи августи соли 2007 Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо сармоягузории Давлати Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ ва бо риояи нозукиҳои меъмории тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе бунёд шавад. Ҳамчунин мувофиқа ба даст омад, ки байни ду кишвар хати мустақими ҳавоӣ фаъол гардад. Дар шаҳри Душанбе 4 санади муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ ба имзо расиданд.

25 августи соли 2011 Вазири давлатӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар Холид ал-Атийя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории кӯтоҳмуддат анҷом дода, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузориро аз ҷониби Давлати Қатар ба имзо расонид.

28 — 29 марти 2013 Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии ин кишвар Холид ибни Атия ҷиҳати иштирок дар нишасти ёздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё бо ҳайати ҳамроҳ ба Тоҷикистон сафар анҷом дод. Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур Вазир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуда, масоили рушди ҳамкорӣ байни ду кишвари дӯстро баррасӣ намуданд.

18-22 майи 2013 Вазири молияи Давлати Қатар Юсуф Камал ҳайати Давлати Қатарро дар нишасти 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд, ки дар Душанбе баргузор гардид, роҳбарӣ намуд.

20-21 августи 2013 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳайати қатарӣ зери роҳбарии Вазири ҳифзи муҳити зисти Давлати Қатар Аҳмад бин Амир ал-Ҳумайдӣ иштирок намуд. Зимни сафари худ сардори ҳайат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20 август ва 21 август бо Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом дод.

17-18 феврали соли 2015 сафари муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева ба Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар Анҷумани байналмилалӣ оид ба инноватсия дар соҳаи тандурустӣ танзим карда шуд. Дар ҷараёни сафари мазкур мулоқотҳои Лола Бобоҳоҷиева бо Вазири тандурустии Давлати Қатар баргузор гардид, ки зимни он мавзӯи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

23-27 феврали соли 2015 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар Солеҳ Бин Алӣ ал-Муҳаннадӣ бо ҳайати ҳамроҳ ба мақсади густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва шиносоӣ аз вазъи кунунии соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни зафар мулоқотҳои ҳайати мазкур бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, Фонди хайриявии «Лона», Фонди ҷамъияти хайрияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон байни ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Қатар ва Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ба имзо расид.

16-20 марти 2015 тибқи даъвати Вазири молияи Қатар сафари расмии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қурбонов ба Давҳа сурат гирифт.

9–10 июни 2015 ҳайати Давлати Қатар зери роҳбарии Вазири энергетика ва саноати ин кишвар Доктор Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Сода барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 – 2015 ва талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои об ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд.

Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва маҳз сафари расмии Амири қаблӣ Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ дар соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи Диёри Душанбе ва калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад (ҳаҷми умумии сармоя то 300 млн. доллар).

Гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар соли 2014 57,1 ҳазор доллари ИМА (воридот 2 ҳаз.долл ИМА ва содирот 55,1 ҳаз.долл ИМА) ташкил намудааст.

Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва техникию илмӣ байни ду кишвар амал мекунад ва моҳи октябри соли 2012 аввалин нишасти он дар Душанбе доир гашт. Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур тибқи мувофиқаи ҷонибҳо дар давлати Қатар дар давоми соли 2015 дар назар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар номзадиашонро ба Шӯрои ҳуқуқи инсон барои соли 2015-2017 пешниҳод намудаанд. Байни ду кишвар бо ташаббуси Қатар табодули ёддошт ҷиҳати дастгирии ҳамдигар сурат гирифтааст.