«Тоҷикстандарт» воридоти равғани нахл ва маҳсулотеро, ки навъашон дар ҷумҳурӣ бо сифати баланд истеҳсол мешавад, маҳдуд мекунад

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик воридоти баъзе маҳсулоти ба бозори истеъмолӣ лозимнабуда, аз қабили равғани нахл, инчунин маҳсулотеро, ки навъашон (ҳаммонандашон) дар ҷумҳурӣ бо сифати баланд истеҳсол мешаванд ва талаботи бозорро пурра  қонеъ гардонида метавонанд, маҳдуд намояд. Дар ин бора директори  Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ибодулло Қурбониён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тавре Ибодулло Қурбониён зикр намуд, ин тадбир бо назардошти пурзӯр гаштани назорати бозори истеъмолӣ ва дар асоси талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қабулгардида андешида шудааст.
Бино ба маълумоте, ки аз ҷониби роҳбарият пешниҳод гардид, бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти бозичаҳои пластикии бесифат ва хатарнок, ки асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда мешаванд, нозирони Агентии  «Тоҷикстандарт» дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронида, ба миқдори зиёда аз 13 000  дона бозичаҳои ба тариқи қочоқ ба қаламрави кишвар воридшударо ошкор карда, аз муомилот гирифтанд.
Роҳбари Агентӣ ҳамчунин илова намуд, ки нисбат ба воридкунандагон ва соҳибкороне, ки ин бозичаҳоро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатарӣ ба муомилот баровардаанд, мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар айни замон корҳо дар ин самт идома доранд. Ҳамзамон  дар ин самт дар асоси дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар 27 ҳолат нисбат ба бозичаҳо барои чораҷӯӣ хулосаи ташхисии ғайристандартӣ пешниҳод карда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: