Тоҷирони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон дар Душанбе вомехӯранд

Доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон 4 апрел дар Душанбе вохӯрда, масоли марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ менамоянд.
Интизор меравад, ки дар мулоқот воридоткунандагон ва содироткунандагони нақлиёт, қисмҳои эҳтиётии автомобил, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, логистика, хӯрокворӣ, кишоварзию чорводорӣ ширкат намуда, масъалаҳои тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратиро матраҳ хоҳанд кард.
Ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ аз ҳадафҳои асосии вохӯрии доираҳои тиҷоратии кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон арзёбӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»