Вазирони кишоварзии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳифзи гуногунии агробиологиро баррасӣ намуданд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба комплекси агросаноатӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз Шуъбаи матбуот ва иттилоотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Дар ҷаласа аъзои Шӯро-вазирони кишоварзии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил натиҷаи корҳои иҷрогардидаи комплекси агросаноатӣ дар соли 2016, рушди минбаъдаи мелиоративии заминҳо ва кооперативҳои кишоварзӣ, ҳолати бозорҳои ғалла ва қанд, амалисозии самтҳои истеҳсолӣ ва бозори амалкунандаи маҳсулоти гӯштию ширӣ, инчунин маълумот оид ба лоиҳаи Конвенсия дар бораи ҳифзи гуногунии агробиологиро баррасӣ намуданд»,-хабар дод манбаъ.
Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҳамкории байнидавлатӣ созмон дода шуда, дар асоси Созишномаи ҳамкории байнидавлатӣ оид ба масъалаи комплекси агросаноатӣ, ки бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 28 апрели соли 1993 тасдиқ шудааст, фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар асоси дастурамали ин Шӯро раиси Шӯро бо навбат аз ҳар як давлати аъзо дар шахсияти намояндаи он дар асоси муҳлати ротатсионӣ дар давоми як сол интихоб карда мешавад.
Соли равон раисии Шӯроро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ба уҳда дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: