Вазорати молия: ММД дар соли гузашта 0,9 фисад афзуд

Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод афзуд, ки порсол новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ рушди воқеии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ нисбат ба соли 2015 0,9 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми номиналии он ба 54, 4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2015 0,6 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

«Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ба маблағи 17, 5 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 95,7 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 781, 2 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба соли 2015 1422, 9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра ба андозаи 92,5 фоиз ё ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 586,1 миллион сомонӣ кам мебошад. Қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ба андозаи 97, 4 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4030, 4 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 107, 6 миллион сомонӣ кам мебошад»,- гуфт Ҷамшед Каримзода.

Ба иттилои муовини вазир ҳамчунин дар соли 2016 барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8,9 милиард сомонӣ равона гардидааст, ки 48, 4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки дар доираи он маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳою кӯмакпулиҳо ба аҳолӣ таъмин гардидааст.

Tags: