Заврақронони навраси тоҷик дар Ӯзбекистон ва Испания зинаҳои ифтихориро соҳиб гардиданд

Ду хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мусобиқаҳои заврақронӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва давлати Испания иштирок намуда, яке мақоми аввал ва дигаре роҳхат ба олимпиадаи байналмиллалиро ба даст оварданд. 

Ба иттилои манбаъ, хонандаи синфи 11-и МТМУ №7-и шаҳр Даврон Ахмедов дар мусобиқаи заврақронии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни наврасони Осиёи Марказӣ иштирок карда, мақоми аввалро соҳиб гардид.

Ҳамчунин хонандаи синфи 9-и муассисаи мазкур Саидилҳом Назиров дар мусобиқаи заврақронӣ дар давлати Испания ширкат варзида, роҳхати олимпиадаи байналмиллалӣ байни наврасонро, ки дар Германия баргузор мегардад, ба даст овард.

АМИТ "Ховар"