140-солагии Қаҳрамони миллии Тоҷикистон устод Садриддини Айнӣ ҷашн гирифта мешавад

Бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим ва нахустин  сарвари Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон устод  Садриддини Айнӣ моҳи  апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ ва илму адаб ва фарҳанги муосир» баргузор мегардад.

Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдулло Рӯдакии  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони асосии конференсия ба шумор меравад.

Тавре директори Институт Сахидод Раҳматуллозода иттилоъ дод, барои иштирок дар кори конференсия айнишиносон, донишмандон, ҳунаршиносон ва коршиносони номии дохилӣ ва хориҷӣ  даъват мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар конференсия баррасии масъалаҳои  «Айнӣ – поягузори насри муосир», «Айнӣ – шоир», «Айнӣ  ва забон», «Айнӣ  ва забони меъёр», «Айнӣ ва тарҷумаи бадеӣ», «Айнӣ  ва фарҳангнигорӣ», «Айнӣ  ва робитаҳои адабӣ», «Айнӣ  ва мероси адабӣ», «Айнӣ – муҳаққиқ», «Айнӣ  ва таърихи халқи тоҷик», «Айнӣ ва арзишҳои миллӣ», «Нақши «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ташаккули ҳувияти миллӣ», «Айнӣ  ва «Шашмақом»», «Айнӣ  ва матбуоти тоҷик», «Айнӣ  ва маориф», «Айнӣ  ва фарҳанги суннатӣ», «Айнӣ ва адабиёти Шарқ», «Тарҷумаи осори  Айнӣ ба забонҳои дигар», «Осори Айнӣ ба забони ӯзбекӣ», «Шуҳрати  ҷаҳонии  Айнӣ» ва «Шинохти устод Айнӣ дар даврони Истиқлол» дар назар дошта шудааст.

Забонҳои кори конференсия тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), русӣ ва англисӣ мебошанд.

Шахсоне, ки мехоҳанд дар конференсия гузориш  ва ё  маърӯза намоянд, матни электронии гузориш ва суханрониашонро метавонанд ба воситаи почтаи электронии   iza_rudaki17@mail.ru ирсол намоянд.

Матни гузориш ва суханрониҳо  дар ҳаҷми 10 саҳифа (қолаби А-4) бо шрифти Times New Tj (андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5) пазируфта мешаванд.

Муҳлати қабули матнҳо то 15 феврали 2018 муқаррар шудааст.

Маводи Конференсия дар маҷмӯа нашр хоҳад гардид.

Шумораи телефонҳо барои тамос:  2277550; 2272426; 2271170

E-mail: saxidodi@list.ru ва  iza_rudaki17@mail.ru

АМИТ "Ховар"

Tags: