Аҳамияти қабули тағйиру иловаҳо ва даъвати сокинон ба иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни миллӣ

Чандест, ки вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба мардум расонидани аҳамият ва ҳадафҳои қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сокинони пойтахт идома доранд. Чунин вохӯрии судманд дар маҳаллаҳои Шодӣ, Шоҳмансур 1 ва 2-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода моҳият ва нишондодҳои омории 10 соли амали қонуни миллии танзимро бо овардани асноду далелҳои мушаххас ба ҳозирин шарҳ дод.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром  Абдуалимов  ба масоили баргузории тӯйи домодию арӯсӣ, хатнасур ва дигар маросимҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир  карда, нақши тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти аҳолӣ амиқ арзёбӣ кард.

Ҳамчунин Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилрабо Мансурӣ атрофи муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолатҳои гуногуни садамавӣ, зиёд шудани ҷаримаҳо ҳангоми бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт ибрози назар намуд.

Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода аз сокинони ноҳияи Шоҳмансур даъват ба амал овард, ки дар иҷрои бечунучарои муқаррароти қонунҳои мазкур саҳмгузор бошанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: