Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд

24 сентябр дар ҳошияи Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ дар қароргоҳи СММ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азулай доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвазири Тоҷикистон аз Мудири кулли ЮНЕСКО ҷиҳати иштирок дар ҷашни 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, ки дар соли 2020 баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

АМИТ «Ховар»

Tags: