Александр Лукашенко: «Месазад, ки Тоҷикистон бо кишварҳои мутараққӣ ва пешрафта дар як радиф истад»

Месазад, ки Тоҷикистон бо кишварҳои мутараққӣ ва пешрафта дар як радиф истад. Ин андешаро имрӯз, 15 май, Александр Лукашенко дар музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён кард, хабар медиҳад Агентии иттилоотии Беларус «БелТА».

Роҳбари Беларус дар навбати аввал ба Президенти Тоҷикистон барои даъват ба Душанбе, «ба ин кишвари меҳнатқарин, ба назди ин мардуми зебосиришту зебосират» изҳори миннатдорӣ намуд.

«Мо ба рушди Тоҷикистон ҳамеша бо таваҷҷуҳ менигарем. Ман, алалхусус аз суръате, ки кишвари Шумо пеш меравад шод ҳастам, –суханони Александр Лукашенкоро иқтибос меорад АИ «БелТА». – Ман ҳамеша бо қаноатмандӣ мушоҳида менамоям, ки аз рӯи суръати рушд Шумо бар Ҷумҳурии Мардумии Чин бартарият доред. Ин сазовори аҳсант аст».

Сарвари давлати Буларус таъкид сохт, ки дигаргуниҳоро дар пойтахти Тоҷикистон бо як назар метавон дид.

«Ман инро ҳатто шабона вақти инҷо расиданам, дидам. Ва имрӯз ба ман бори дигар собит шуд, ки Шумо роҳи дурустро интихоб кардаед. Бовар намоед, мо аз барои Шумо шодем. Шахсан, ман бисёр мехоҳам, ки Тоҷикистон бо кишварҳои мутараққӣ ва пешрафта дар як радиф истад, зеро халқи қадима ва бузурги он ба ин сазовор аст. Ба хотири ин Шумо корҳои зиёдеро анҷом додаед. Ҳадафи омадани ман таҳким бахшидан ба робитаҳоямон мебошад», – зам намуд Президенти Ҷумҳурии Беларус.

Ҳамзамон роҳбари Беларус таваҷҷуҳро ба масъалаи тадбиқи муваффақонаи нияти дар Душанбе баргузор намудани бизнес-форумро на танҳо бо ширкати соҳибкорон аз Беларус ва Тоҷикистон, балки аз кишварҳои дигари минтақа низ ҷалб сохт.

«Мо ҳамсояҳоро ба Тоҷикистон мехонем ва имкониятҳои хешро нишон медиҳем. Якҷо бо Шумо ҷониби кишварҳои дигар ҳаракат мекунем ва ба робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ривоҷ мебахшем», – гуфт Александр Лукашенко.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ Беларусро яке аз шарикони муҳимтарин ва боэътимодтарин  номид. «Мо сафари расмии Шуморо баланд арзёбӣ мекунем. Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои он ба муносибатҳои зичи дӯстона ва ҳамкории мутақобилаи мо такони нав мебахшанд», – изҳор намуд ӯ.