Андешаҳои ҷавондухтарони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон оид ба Паёми Пешвои миллат

Бо пешниҳод гардидани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки ҳуҷҷати барномавии стратегӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии миллатамон мебошад, инчунин эълон гардидани Соли 2017- соли ҷавонон, ҷавондухтарони гуногункасби шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон оид ба нуктаҳои муҳими Паём андешаҳои хешро иброз намуданд.
Корманди филиали рақами 14-и «Амонатбонк»-и шаҳри Ваҳдат Анора Ализода дар ин маврид гуфт:
«Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавононро дар 25 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ бо як меҳру муҳаббати беандоза ба самти муайяну мушаххас роҳнамоӣ карданд. Мо, ҷавонон ба мақсадҳои наҷиби худ, аз ҷумла забондонию соҳибкасб гардидан ва хизмат расонидан ба сокинони кишвари азизамон ноил гардидем.
Дар соли 2017 мо, ҷавонон вазифадорем, ки дар корҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баланд эҳсос намуда, барои вусъати корҳо дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем».
Корманди Литсеи касбии техникии саноатии кишоварзии ноҳияи Ёвон Сайрам Холмирзоева:
Аз эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, ман ҳамчун як ҷавони дар замони истиқлолият рушду нумуъёфта хушҳол гардида ва дар асоси сиёсати кадрии сарвари давлат аз ҳисоби занон фаъолият намуда ба халқу ватани хеш хизмат менамоям. Хушбахтона дар Паёмҳои ҳамешагии Пешвои миллат барои соҳибкасб намудани духтарони лаёқатманди деҳот ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо таъкид менамоянд, ки дар асоси ин супоришҳо соҳиби касб кардида ва бо ҷойи кори доимӣ гардидаам.
Мо ҷавононро зарур аст, ки барои амалишавии ҳадафҳои пешгирифтаи давлату ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ноил шудан ба пешравиҳои боз ҳам назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа софдилона хизмат намоем».

Волонтиёри бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Ваҳдат Нилуфар Умарова:
Қобили таваҷуҳ аст, ки аз Паём то Паём дар ҳаёту фаъолияти ҷавонон такони бузурге ба назар мерасад. Аз ҷумла Пешвои миллат дар вохӯриҳояшон бо ҷавонон бар он таъкид доштанд, ки ҳар ҷавони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба ғайр аз забони давлатӣ, бояд ду забони хориҷиро аз худ кунад. Зеро донистани забонҳои хориҷӣ дар замони муосир боз як имкониятеро дар рушду нумуи иқтидори давлатдорӣ ва робита бо давлатҳои мутарақиро фароҳам меорад. Ин буд, ки мо ҷавонон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ майлу рағбати беандоза пайдо кардем.
Дастовардҳо, пешравиҳо, зиракии сиёсӣ ва масъулияти бузурги ҷавононро ба инобат гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намудаанд, ки барои мо насли ояндаи миллат ифтихор буда, дар оянда ин санаи таърихӣ бо хатҳои зарин насб мегардад.
Дар фаровард ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушиш менамоем, ки ба боварии сарвари давлат сазовор гардида, бунёдгару созанда ва пешбарандаи сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат бошем. Ҳамеша пайи ободии ватан қувваю нерӯи хешро сарф намуда, меросбарандаи насли ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем.

АМИТ «Ховар»

Tags: