Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23 май таҷлил мегардад, дар Қасри варзишии маркази вилояти Суғд  барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд  мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд. Бозиҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол,  гӯштини тарзи озод,  бокс,  гӯштини камарбандӣ, велосипедронӣ, баскетбол,  гӯштини юнонӣ- румӣ, камонварӣ,  варзиши сабук, дзюдо, самбо, шиноварӣ, вазнбардорӣ, каратэ-до, пойгаи равон,  шоҳмот, футбол, тенниси рӯи миз сурат гирифта, масъули баргузории мусобиқот Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими оғози мусобиқаи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва  раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил гардида,  ҳадаф аз роҳандозии он тарғиби тарзи ҳаёти солим,  ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш,  мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни варзишгарон маҳсуб мешавад.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳо ва қадршиносии дастаҳои иштироккунанда беш аз 420 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд то 26 май идома ёфта, иштироки дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар назар аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: