Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳамлаи даҳшатангезро дар шаҳри Кветтаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳу нафрати беандоза дарёфтам.

Тоҷикистон ин амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.

Тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».