COVID-19. Роҳбарият ва кормандони Вазорати тандурустӣ бо вояи чоруми ваксина эм карда шуданд

ТВТ.30.08.2022. 29-уми август роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазир, муовинони вазир,​ сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19 гирифтанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Роҳбарият ва кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт низ бо вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо назардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишварҳои ҳамсоя шурӯъ аз 16 августи соли равон даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид.

Сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «ба давраи чоруми  ваксинатсия шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешаванд. Нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд.  Тибқи нақша,  баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд. Ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  идома меёбад».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: