Дар Душанбе дар нуҳ моҳ ба андозаи қариб 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст

Дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба андозаи қариб 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ 121,2 фоизро ташкил медиҳад. Ин матлабро сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Даврон Сафарализода зимни ҷаласаи ҷамъбастии ин сарраёсат иброз дошт.

Гуфта шуд, ки ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат- саноатикунонии босуръат буда, инчунин давоми панҷ сол дар Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон дар пойтахт ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 миллиарду 976,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки аз ин ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 68,7 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 28,2 фоиз, саноати истихроҷи масолеҳи ғайримаъдани бинокорӣ 1,5 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 1,6 фоизро ташкил додааст.

Даврон Сафарализода таъкид намуд, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди мамлакат Сарраёсат дар таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегияи миллӣ, аз ҷумла раванди саноаткунонии босуръат пайваста кӯшиш менамояд.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Сарраёсат гуфта шуд, ки дар ин давра сарраёсат фаъолияти худро тибқи Барномаи корҳои оморӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омор ба роҳ монда, семоҳаи сеюми соли равонро бо иҷрои 531 кори оморӣ ҷамъбаст намуд, ки ба сад фоизи нақша баробар мебошад.

Tags: