Дар Екатеринбург масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск муҳокима намуданд

Ҷанбаҳои гуногуни масъалаи дар сатҳи баландтар танзим намудани раванди муҳоҷирати муташаккилонаи меҳнатӣ  аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловск пас аз давраи Ковид ва дигар воҳидҳои маъмурии Федератсияи Россия, ки шомили ҳавзаи Консулгарии генералӣ мебошанд, 24 декабр дар мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари зерсохтори  Федератсияи муҳоҷирони Россия дар вилояти Свердловск Хушвахт Айдаров муҳокима шуданд.

Тавре аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот зикр  карда шуд, ки дар соҳаи ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Россия чунин падидаи манфӣ, аз қабили миёнаравии тасодуфӣ ва ғайриқонунии шахсони бевиҷдон бояд зудтар решакан карда шавад.

Ба дипломати тоҷик якчанд таклифҳои консептуалӣ ва мушаххас барои омӯзиши пешакӣ ва минбаъд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва Россия расонидан пешниҳод карда шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: