ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон то охири ҳафта гармии ҳаво боқӣ мемонад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 14 то 17 июл дар ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад.  Ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 45, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд то 43 ва ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ 36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Шабона +12+17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад. Шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе камабри беғубор шуда, шабона 18+20 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»