Дар Қубодиён соли оянда ду мактаби муосир мавриди истифода қарор мегирад

Дар ноҳияи Қубодиён муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо синфхонаҳои васеъ ва шароити муосир барои кори омӯзгорон ва таҳсили мактаббачаҳо соли оянда ифтитоҳ хоҳанд шуд. Дар ин бора Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 163 иморати таъйиноти гуногун  бунёд, бозсозӣ ва мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. «Ҳамаи иморатҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳия сохта мешаванд», — иброз  доштанд  роҳбарияти  ноҳия.

То имрӯз дар Қубодиён 95 иморати таъйиноти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, инчунин фарҳангӣ ба истифода дода шудааст.

Сохтмони 44 иморати дигар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар 2 корхонаи саноатӣ, 3 муассисаи тиббӣ, 2 муассисаи  маориф, 4 муассисаи  фарҳангӣ ва фароғатӣ  ва 25 бинои соҳаи хизматрасонӣ идома доранд.

«Илова бар ин, дар ноҳия 9 майдони варзишӣ, 26 нуқтаи савдо, як иморати нави маъмурӣ ва биноҳои дигар бунёд хоҳанд шуд», — тавзеҳ дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: