Дар ноҳияи Б. Ғафуров 17 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият доранд

 Дар яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Суғд-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳри соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Дар айни замон дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 17 маркази дӯзандагӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 160 адад мошинаҳои дарздӯзӣ насб гардида, 200 нафар занон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар ин бора имрӯз, 19 январ зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 17 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо 128 адад дастгоҳҳо насб гардидаанд.
Дар ин марказҳо 185 нафар занону духтарон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, то кунун аз ҷониби онҳо 5212 метр матоъ истеҳсол шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: