Дарёфти ҷасади 74 муҳоҷир дар соҳили баҳри Миёназамин

Дар наздикии шаҳри Завияи Либия мавҷҳои баҳр ҷасади 74 нафар муҳоҷирро ба соҳил баровардааст.
Дар ин робита кормандони ташкилоти Салиби Сурхи Либия гуфтааанд, ҳалокшудгон шаҳрвандони давлатҳои Африқо мебошанд, ки тавассути баҳри Миёзаназамин мехостанд, вориди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо шаванд.
Гуфта мешавад, муҳоҷирон дар натиҷаи ғарқ шудани қаиқ ба ҳалокат расиданд, зеро кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ начандон дур аз минтақаҳои наздисоҳилӣ қаиқи резинии сўрохшударо дарёфт карданд.
Тибқи баъзе фарзияҳо қочоқчиён, ки муҳоҷиронро интиқол медоданд, дар баҳри  Миёназамин муҳаррики қаиқро гирифта, фирор намуданд.
Аз рўи маълумоти ташкилоти Салиби Сурх ҳангоми ғарқ шудани қаиқ дар дохили он қариб 150 нафар муҳоҷирон қарор доштанд. Аз аввали соли равон то кунун дар баҳри Миёназамин бар асари ғарқ шудани киштиҳои муҳоҷирон беш аз 270 нафар ба ҳалокат расиданд.

Tags: