Имрӯз дар баъзе манотиқи Тоҷикистон борон меборад

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 4 сентябр, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 25-30 дараҷа ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳаво дар  вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 14-19 ва рӯзона ба 32-37 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона  32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 13-15 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм хоҳад шуд.