Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорати ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +16 +21 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин, дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш пешгӯи гардида, ҳаво шабона +11 +13 ва рӯзона +28 +30 гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво ба +8 +13 расида, шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония мевазад.
АМИТ "Ховар"