Имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Имрӯз, 16 январ дар ҷумҳурӣ якбора ҳаво тағйир ёфта, боридани барфу борон ва вазиши сахти бод пешгӯӣ карда мешавад. 

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, давоми рӯз боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 5-10 ва рӯзона 3-2 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, охирҳои рӯз боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳарорат шабона 0-5 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, танҳо охири рӯз борону барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз сокинони пойтахтро дар охири рӯз ҳавои боронӣ интизор аст. Дар баъзе ҷойҳо боридани барф низ дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

АМИТ "Ховар"