"Истиқлол"-у "Регар-ТадАЗ" бо ҳам бозӣ мекунанд

Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар — ТадАЗ»-и Турсунзлда дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бо ҳам қувва меозмоянд.
Дирӯз дар бозии нимниҳоӣ «Регар -ТадАЗ» бар дастаи «Кӯктош» бо натиҷаи 2:1 ғолиб омад. Ду голи задаи Дилшод Бозоров (6-ум дақиқа) ва Шерзод Муҳаммадиев (80) дар ин вохӯрӣ тақдири роҳхатро ба финал ҳал кард. Аз дастаи «Кӯктош» Адҳам Абдуллоев муаллифи голи ягона гардид.
Вохӯрии дуюми нимниҳоӣ бо иштироки дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» аз сабаби ба бозӣ наомадани футболбозони шаҳри Кӯлоб баргузор нашуд ва ба «Равшан» бохти техникӣ бо натиҷаи 3:0 мансуб дониста шуд.
Акнун дар бозии шашуми ниҳоӣ 24 феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Истиқлол» ва «Регар — ТадАЗ», ки думаротибагӣ Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд, вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ соати 17:00.
Ҳамаи вохӯриҳои ниҳоӣ барои Ҷоми ФФТ:
2012 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хайр» (Ваҳдат) 1:0
2013 «Хайр» (Ваҳдат) КМВА «Помир» (Душанбе) 1:1. Аз зарбаҳои пеналтӣ 6:5
2014 «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) 2:0
2015 «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) 5:1
2016 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1:0
2017 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ?​

Tags: