Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт дар умури созмонҳои байналмилалӣ Содиқ Маърафӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо бо ишора ба собиқаи ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ омодагии кишварҳоро барои идомаи ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва ҳимояти мутақобил аз ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.