Ҳаракат ба самти Хуҷанд фаъол ва ба самти Душанбе то ҳол маҳдуд аст

Ҳаракат ба самти Хуҷанд фаъол гаштааст. Бино ба гуфтаи манбаъ, дар айни замон мошинҳо танҳо ба самти Хуҷанд ҳаракат намуда, ҳаракат ба самти Душанбе то ҳол маҳдуд аст.
«Дар айни замон дар роҳҳо беш аз 40 техникаю мошинҳо барои тоза кардани роҳ аз барф кор карда истодаанд. Техника ҳам аз тарафи Душанбе ва ҳам аз ҷониби Хуҷанд ҷалб шудааст. Дар километри 47-ум то 73-юми роҳи Душанбе- Чаноқ барф то ҳол зиёд буда, корҳои тозакунӣ шабонарӯзӣ идома доранд. Худи ҳамин рӯз дар километри 64-ум ва 69- ум боз тарма фаромада, корро дар ин масир вазнинтар кард»,-илова намуд Исмоил Раҳимзода.
Бино ба иттилои Исмоил Раҳимзода, корҳои роҳтозакунӣ аз рӯзи аввали боридани барф роҳандозӣ шудаанд. «Тамоми техника ва мошинҳо бо маводи сӯзишворӣ сари вақт тавъмин буда, дар роҳҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст», -илова намуд сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт.
Хотиррасон мекунем, ки дирӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар мавриди эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим хабар дода, аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш кард, то аз сафар ба ин мавзеъҳо муваққатан худдорӣ намоянд.
Дар натиҷаи фаромадани 40 тарма ва боришоти барфи пуршиддат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд беш аз 200 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф монда буданд. Барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати «Innovative Road Solutions» (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намуд. Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд.
Ҳолати вазнин ҳамоно дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

Tags: