Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломии маориф, илм ва фарҳанг иштирок намуд

Дар Қоҳира 6 декабр ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломии маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласа лоиҳаи рӯзномаи иҷлосияи 14-уми Конфронси генералии созмон, гузориши иҷроия дар бораи фаъолияти ICESCO дар соли 2021, ҳисоботи молиявии Созмон дар соли 2021, Гузориши ICESCO оид ба саҳмҳои кишварҳои узв дар соли 2021 пешниҳод шуд.

Инчунин зимни иҷлосия пешниҳодҳо роҷеъ ба беҳтар намудани устувории молиявии ICESCO, лоиҳаи нақшаи амали буҷети дусола барои солҳои 2022-2023 ва якчанд ҳуҷҷатҳои маъмурию ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

АМИТ «Ховар»